Дар пасманзари шиддат ёфтани вазъият дар Афғонистон пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон силоҳҳои нав - "Верба", автомати Калашников, милтиқҳои мерганӣ (снайперӣ)-и муосир ва аслиҳаи алангафакан (огнемёт)-ҳо гирифт.

“Пойгоҳи низомии 201-уми Русия бо автоматҳои навтарини Калашников АК-12, таппончаҳои Яригин ба ивази таппончаҳои Макаров, милтиқҳои муосири мергании милаш калони АСВК-М, дастгоҳҳои алангаафкани партоб ба масофаҳои дур ва дастгоҳҳои сайёри мудофиаи ҳавоии “Верба” таъмин шуд”, - хабар дод рӯзи сешанбе хадамоти матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия.

1/5

"Ҳамаи ин силоҳу муҳимотро ҷузъу томҳои Русия ҳангоми машқҳои муштарак бо Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки дар пасманзари нооромии вазъи Афғонистон сурат гирифтаанд, истифода карданд", - гуфта мешавад дар хабар.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.