Русия ба Тоҷикистон барои сохтмони постгоҳи марзӣ дар марз бо Афғонистон 1,1 млн доллар ҷудо кард. Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Олег Сиромолотов дар мусоҳиба бо “Интерфакс гуфтааст, созишномаи дахлдор дар ҷараёни гуфтушунидҳои наздик дар сатҳи олӣ ба имзо хоҳад расид.

"Ба Тоҷикистон аз лиҳози молиявӣ ҳам кумак мекунем. Русия бо дархости шарикони худ барои сохтмони постгоҳи замонавии сарҳадӣ дар яке аз осебпазиртарин минтақаи марз бо Афғонистон дар вилояти Хатлони ҷумҳурӣ 1,1 млн доллар ҷудо мекунад”, - иброз доштааст Сиромолотов.

Ба гуфтаи муовини вазир, Русия тавассути вазоратҳои мудофиаи ва хадамоти махсус бо Тоҷикистон робитаҳои доимии корӣ дорад.

Сиромолотов ҳамчунин гуфтааст, вазъият дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аз ҷониби низомиёни Русия шабонарӯзӣ бо истифода аз таҷҳизоти ҳавоӣ ва электронии иктишофӣ таҳти назорат қарор дорад.

"Тавассути воситаҳои иктишофии ҳавоӣ ва электронии дар ихтиёри артиши Русия қарордошта пайгирӣ (мониторинг)-и шабонарӯзии вазъ дар сарҳад ташкил карда шудааст, - иброз доштааст ӯ. - Барои расонидани кумак ба Душанбе, агар лозим шавад, омодаем аз пойгоҳи низомии 201 -и худ истифода барем. Иқтидори харбию техникии онро мунтазам мустаҳкам карда истодаем”.

Муовини вазир хотиррасон намудааст, ки охири моҳи июл аз пойгоҳи низомии Кант (Қирғизистон) гурӯҳи ҳавопаймоҳии ҳамлакунандаи Су-25 ба Тоҷикистон  интиқол дода шуд. Илова бар ин, як миқдори иборат аз 17 мошини ҷангии пиёдагард (БМП-2М) низ ба пойгоҳ оварда шуд.

Ҳамзамон Олег Сиромолотов илова намудааст, ки "муборизаи муассир бар зидди созмонҳои террористӣ дар Афғонистон, пеш аз ҳама, саъю талоши дастаҷамъонаи ҳамаи нерӯҳои сиёсии кишварро тақозо мекунад".

"Дар шароите, ки онҳо ба муқовимат зидди якдигар таваҷҷуҳ доранд, мутаассифона, дар бораи ояндаи наздики аз байн бурдани терроризм ҷойи сухан нест", - гуфтааст ӯ.

Вай таъкид доштааст, ки Русия дар пешбурди раванди оштии миллӣ дар Афғонистон мавқеи пайгирона дорад.

"Дар бунёди давлати бетараф, озод аз таҳдиди террористӣ ва ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир кумак мекунем. Ба ин бояд шаклҳои мухталифи музокирот дар платформаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла шакли "Маскав", гурӯҳи тамосии СҲШ ва Афғонистон, инчунин" сегона "-и васеъ - Русия, Чин, ИМА ва бо иловаи Покистон мусоидат намоянд”, - афзудааст муовини вазир.

Мусоҳибаи Олег Сиромолотов ба таври комил бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.