Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Станислав Зас вазъи сарҳадҳои кишварҳои узви СААД-ро дар маҷмӯъ, нигаронкунанда арзёбӣ кард ва гуфт, ки дар сурати шиддат ёфтани вазъ дар сарҳади Афғонистон онҳо омодаанд, ки ба Тоҷикистон кӯмак, аз ҷумла кӯмаки ҳарбӣ кунанд.

Зас ин суханонро дар пайи ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони дифоъ, умури хориҷӣ ва кумитаҳои дабирони шӯрои амнияти СААД дар Душанбе зикр кард.

Қабули изҳороти СААД дар бораи Афғонистон

Зас рӯзи 15-уми сентябр дар поёни ҷаласаи муштарак ба хабарнигорон гуфт, ки  СААД дар бораи вазъи Афғонистон изҳорот қабул кард.

- Роҳбарони ҳайатҳо дар маҷмуъ лоиҳаи Эъломияи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД –ро ба мувофиқа расониданд ва якчанд изҳорот, аз ҷумла Изҳороти муштараки кишварҳои узви СААД «Дар бораи вазъи Афғонистон», Изҳороти вазирони корҳои хориҷиро дар бораи ҳамоҳангсозии кӯшишҳои муштарак дар соҳаи амнияти иттилоотӣ ва мубориза бо кибертерроризм, Изҳороти вазирони корҳои хориҷӣ оид ба талошҳои дастҷамъона барои ҳалли вазъиятҳои буҳронӣ дар Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ ва Изҳороти муштараки вазирони корҳои хориҷӣ «Оид ба тасдиқи уҳдадорӣ ба принсипҳои Оинномаи СММ ва таҳкими ҳамкорӣ барои таъмини риояи қатъии онҳо»-ро ҳамоҳанг намуданд”, - гуфт Зас. 

Ҷаласаи шӯрои вазирони СААД дар Душанбе асосан, вазъи амниятии Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои узви СААД-ро баррасӣ намуд.

Ҳамчунин, қарор қабул карда шуд, ки ҷаласаҳои навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони Шӯрои амнияти СААД нимаи аввали соли 2022 дар Арманистон баргузор шавад.

Дар кори ҷаласаи имрӯза, 15 сентябр намояндагони кишварҳои узви СААД - Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.