Имрӯз, 23 сентябр, як гурӯҳ сокинони наздимарзии Қирғизистон дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркуҳи Тоҷикистон хонандагони мактабро аввал сангборон ва баъдан латукӯб кардаанд.

Дар ин бора, сокинони маҳаллӣ ва як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Исфара ба “Азия плюс” хабар доданд.

“Ҳодиса имрӯз тақрибан соати 11:00 рух дод. Қирғизҳо аз деҳаи ҳаммарзи Куктош ду духтарча – хонандаи мактаби 64-ро аввал сангборон ва баъдан латукӯб кардаанд.  Онҳо ба ин маҳдуд нашуда ба хонаи онҳо даромада волидайнашонро низ латукӯб кардаанд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” сокини маҳаллӣ.

Ба гуфтаи манбаъ даҳону бинии мард шикаста, алҳол дар беморхонаи бистарӣ аст. Дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара бистарӣ шудани се нафарро дар натиҷаи ин ҳодиса тасдиқ карданд, аммо маълумоти бештар надоданд.

Як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Исфара ба “Азия-Плюс” гуфт баъди ҳодиса раиси ҷамоати Чоркӯҳ ва раиси шаҳр ба ҷойи ҳодиса рафтанд ва бо ҳамтоёни қирғизашон гуфтугӯ доранд. Натиҷааш ҳоло маълум нест. 

Дар мавриди сабабҳои сар зудани ҳодиса иттилоъ дода намешавад.

Тафсилот мушаххас карда мешаванд.