Вазорати адлияи Тоҷикистон вобаста ба гӯё шиканҷа шудани рӯзноманигор ва собиқ узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи Наҳзати ислом Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода вокуниш карда, гуфтааст, ӯ шиканҷа нашуда, балки дар пайи муноқишаи лафзӣ дар маҳбас латукӯб шудааст.
Дар вокуниш, ки дар сомонаи расмии ин ниҳод нашр шуд, омадааст, “санҷиш муайян кард, ки 5-уми сентябри соли 2021 миёни Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода ва собиқ узви гурӯҳи террористии Сангинов Раҳмон ("Раҳмон Гитлер") - Турсунов Аслиддин дар заминаи бархӯрди манфиатҳои маишӣ муноқишаи лафзӣ сар задааст. Дар натиҷа Турсунов Аслиддин ба таҳқирҳои Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода тоб наоварда, ӯро зери лату кӯб қарор додааст”.
Ба иттилои расмӣ, Аслиддин Турсуновро бо гуноҳи вайрон кардани тартиботи дохили зиндон ба 15 шабонарӯз ба тавқифгоҳи ҷаримавӣ андохтаанд.
«Муоинаи пешакии тиббӣ нишон дод, ки маҳбус Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода ягон осеби ҷисмонӣ надидааст ва барои табобат низ муроҷиат накардааст»,- омадааст дар вокуниши Вазорати адлия.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш наздикони Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода ба расонаҳо хабар дода буданд, ки ӯ дар қисми тиббии маҳбаси шаҳри Ваҳдат захмӣ шудааст. Пайвандонаш гуфта буданд, ба иттилои гирифтаи онҳо, як маҳбус нимашаб ба сари ӯ бо чойник задааст, аммо ангезааш маълум нест.
Сайфуллозодаро дар доираи парвандаҳои марбут ба ҳаводиси моҳи сентябри соли 2015 дастгир ва баъдан ба шонздаҳ сол зиндон маҳкум карданд.
Мақомоти Тоҷикистон он сол Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини пешини вазири дифоъро ба ташкили ошӯб ва ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломро ба тарҳрезӣ ва сармоягузории он гунаҳкор карданд. Чизе, ки раҳбарияти ҳизб дар хориҷа борҳо рад намудааст.
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Норак Дэвид Кэмеронро бо чӣ мафтун кард?
Байни Тоҷикистону Италия 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Тавофуқи Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба гузариши транзитии мошинҳои боркаш бе рухсатнома
“Эҳтимоли хуруҷи беморӣ зиёд аст”. Кумитаи рушди сайёҳӣ аз ширкатҳои сайёҳӣ хост, ҷаҳонгардонро ба Саратоғ набаранд
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста