Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Станислав Зас рӯзи 22 октябр бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд.

Ӯ омодагии неруҳои ҳарбиро ба марҳилаи хотимавии машқҳои низомии СААД дар Тоҷикистон месанҷад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ.

Ба гуфтаи ӯ, 19 октябр фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия Александр Лапин ҷиҳати санҷиши омодагии ҷузъу томҳои низомӣ ба марҳилаи ниҳоии се тамрини низомии икшварҳои узви СААД, ки 18 октябр оғоз гардиданд, ба Тоҷикистон омад.

Тамринҳои низомии махсуси «Эшелон-2021», «Поиск-2021» ва машқи муштараки «Взаимодействие-2021» -и Неруҳои дастаҷамъии зудамали СААД аз 18 октябр дар машқгоҳҳои “Момирак” ва “Ҳарбмайдон”-и Тоҷикистон, наздикии сарҳад бо Афғонистон оғоз гардида, то 23 октябр идома меёбанд.

Дар амалиёти муштарак дар доираи тамринҳо 4 ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ ширкат варзида, зиёда аз 500 адад техника аз Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон сафарбар шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.