Нақшаи даъват ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар зарфи 20 рӯз аз оғози маърака 52,1% иҷро шудааст. Комиссариати ҳарбии ВМКБ нақшаи даъватро 100% иҷро кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ полковник Фаридун Маҳмадализода хабар дод, нақшаи даъват дар вилояти Суғд 41% ва Хатлон - 40% ба иҷро расидааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ноҳияи тобеи марказ нишондиҳандаи иҷрои нақшаи даъват ба артиш 70% ва дар шаҳри Душанбе – 79%-ро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки дар ҷумҳурӣ ҳамасола аз 1 октябр то 30 ноябр маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хидмати ҳарбӣ гузаронида мешавад. Шаҳрвандони синни аз 18 то 27-сола, ки ба таъхири муҳлати хидмат ё озод будан аз хидмати ҳарбӣ ҳуқуқ надоранд, ба хидмат даъват карда мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки мувофиқи тағйирот ба қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ”, акнун хоҳишмандон метавонанд муҳлати ду соли маъмулӣ дар артиш хидмат накарда, ба ҷойи он 1 моҳ аз ҷамъомади ҳарбӣ гузаранд ва ба давлат маблағи муайян пардохт намоянд.

Ин хидмат дар ҳайати захираҳои сафарбарии даъватӣ ном дорад. Пас аз гузаштани он шаҳрванд аз адои хидмати ҳатмии ҳарбӣ озод карда мешавад.

Ин хидматро ҳама гуна даъватшаванда гузашта метавонад, муҳимаш 25 ҳазору 200 сомонӣ (420 нишондиҳанда барои ҳисоб) пардохт кардан зарур аст.

Ҳамчунин тибқи қоидаҳои нав, хатмкардагони макотиби олӣ низ ба хидмати ҳарбӣ даъват мешаванд. Онҳо бояд як сол дар сафи артиш хидмат кунанд ё бо пардохти пул муддати 1 моҳ аз ҷамъомади ҳарбӣ гузаранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.