Кормандони пулиси Маскав пас аз пахши хабарҳои муаллифонашон номаълум дар бораи минакорӣ шудани сафоратхонаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Маскав бо талаби хуруҷи нирӯҳои ин кишварҳо аз Қазоқистон санҷиш гузарониданд. Дар ин бора ТАСС ва хабаргузории “Москва” бо истинод ба манбаъҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳанд.
“Чанде пеш рӯзона аз суроғаи номаълуме хабар расид, ки дар бинои сафоратхонаҳои Тоҷикистону Қирғизистон дастгоҳи пуриқтидори таркишӣ гузошта шуда, агар кӯшиши безарар кардани он сурат гирад, таркиш ба амал меояд. Дар ҳамин ҳол, шахсони номаълум талаб карданд, ки неруи ин кишварҳо аз Қазоқистон бароварда шавад”, - иброз доштааст манбаи ТАСС.
Кормандони пулис ва сагҳои хидматӣ ба ҷои ҳодиса фиристода шуданд. Дар ҷараёни тафтиши биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ дастгоҳ ё маводи тарканда пайдо нашуд, менависад нашрия. Кормандон ба дигар ҷой интиқол наёфтаанд.
“Аз рӯйи ин далел санҷиш гузаронида мешавад”, - илова намудаст манбаи хабаргузории ТАСС.
Манбаи хабаргузории “Москва” зикр кардааст, ки зимни санҷиши сафоратхонаи Қирғизистон кормандони он ба ҷойи дигар интиқол дода шуданд.
“Кормандони пулис бо саги хидматӣ бинои сафорат ва мавзеи гирду атрофи онро аз назар гузарониданд. Кормандони сафорати Қирғизистон ба ҷойи дигар интиқол дода шуданд. Дар ҳар ду бино дастгоҳ ё маводи тарканда дарёфт нашуд”, - гуфтааст манбаъ.
Дар хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД дар шаҳри Маскав то ҳол ба нашрия ин масъаларо шарҳ надодаанд.
Хабаргузории “Азия-Плюс” бо дархости шарҳи масъала ба сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав муроҷиат кард.
Хабаргузории ТАСС хотирррасон менамояд, ки рӯзи 7 январ низ афроди номаълум ба почтаи электронии сафоратхонаҳои Арманистон ва Беларус бо таҳдиди таркиш нома фиристодаанд. Дар ин номаҳо ҳам тақозо шудааст, ки нерӯҳои ин кишварҳо аз қаламрави Қазоқистон хориҷ карда шаванд. Гузоришҳо бардурӯғ буда, ягон дастгоҳ ё маводи тарканда пайдо нашудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Марги як нафар дар пайи сӯхтори мошини бензинкаш
Теъдоди рекордии мусофирон дар аввалин қатораи Кӯлоб-Волгоград
Семён Григорев - сафири нави Русия дар Тоҷикистон
Нигаронии Русия дар мавриди ба Украина интиқол ёфтани чархболҳои аз Афғонистон рабудашуда
Тоҷирони Хатлон ва Сурхондарё ба маблағи 26,6 млн доллар созишномаҳо имзо карданд
Шумори қурбониёни таркиш дар бозори Ереван ба 16 нафар расид
Аз ҳисоби “андоз аз Google” Тоҷикистон аллакай беш аз 3,5 млн сомонӣ гирифт
Дар Ӯзбекистон нусхаи дастнависи Қуръони каримро дуздиданд
Дар Конибодом наворбардории силсилафилми “Хона” ҷараён дорад
Ҳалокати модару 2 кӯдакаш бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Душанбе - Ҳисор
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста