Дар нуқтаии марзи Исфараи вилояти Суғд ва ноҳияи Бодканди вилояти Бодканди Қирғизистон ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон мулоқот кардаанд. Ин мулоқот рӯзи якшанбеи 23-уми январ доир шуда, ҳайати Тоҷикистонро раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ва Қирғизистонро раиси вилояти Бодканд Учқунбек Ҷоробоев раҳбарӣ карданд.
Зубайдулло Шомадов, сухангӯйи раиси шаҳри Исфара дар суҳбат ба “Азия-Плюс” барпо шудани ин мулоқотро таъйид кард. Вай гуфт “дар мулоқот ҷонибҳо асосан мавзуйи аз суйи қирғизҳо сангборон шудани мошини боркаши “Камаз”-и ронандаи тоҷик ва сохтмони ғайриқонунӣ дар марзро баррасӣ карданд”.
Аммо ба иттилои хабаргузории қирғизии Turmush дар мулоқот масъалаҳои ҳифзи суботи ҷамъиятиву сиёсӣ дар минтақаи наздимарзӣ, ҷилавгирӣ аз амалҳои иғвоангезона, барқарории дӯстии миёни ду халқ, ҷилавгирӣ аз корҳои сохтмонии ғайриқонунӣ ва роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолии деҳаҳои наздимарзии ду кишварро муҳокима кардаанд.

Мулоқоти ҷонибҳо баъди он сурат мегирад, ки рӯзи 20-уми январ шаҳрвандони Қирғизистон мошини боркаши тамғаи “Камаз”-и шаҳрванди Тоҷикистон Насруллобек Асламовро сангборон карданд.
Дафтари матбуоти шаҳрдори Исфара гуфта буд, ин мошин ба деҳаи Ворух маҳсулоти ниёзи аввалия, аз ҷумла хӯрока мебурд, вале дар ҳудуди деҳаи Оқсойи Қирғизистон мавриди сангборони гурӯҳе аз қирғизҳо қарор гирифта, дар натиҷа ронанда осеб бардошта тирезаҳо ва чароғҳои мошин шикастаст.
Дирӯз, 23 январ расонаҳои қирғизӣ хабар доданд, ки марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон боз ноором шуд. Мақомоти марзбонии Қирғизистон гуфтааст, дар минтақаи наздик ба деҳаи Эски-Оочуи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон як гуруҳи шаҳрвандон дар минтақаи муайяннашудаи марзӣ ба сохтани симдевор пардохтаанд.
Гуфта мешавад сохтмони симдеворро сардорони дидбонгоҳҳои марзии ду ҷониб рӯзи 21-уми январ муовфиқа карда буданд ва замони сохтани симдевор марзбонони Тоҷикистон ҳозир шуда, талаби қатъи симкаширо кардаанд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Ҳамзамон 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Тоҷикистон ва Украина дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд
Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав рафт. Дар ҷаласаи СПАД ширкат мекунад
Синни нафақаро пойин кунед: тазоҳуроти занон дар чаҳор шаҳри Қазоқистон
"Ҳафтгонаи бузург" аз Чин хостанд ба Русия ёрӣ нарасонад
Расонаҳои Афғонистон аз даргирии чорсоати "Толибон" бо марзбонони Тоҷикистон хабар медиҳанд
Ҳалокати ҷавоне дар “трансформатор". Шоҳидон: аз “облава” мегурехт, мақомот рад мекунанд
Қазоқистону Покистон содироти шакарро манъ карданд. Ин ба Тоҷикистон чӣ таъсире хоҳад дошт?
Сергей Лавров: “Бори асосии бозсозии Афғонистонро бояд амрикоиҳо ва иттифоқчиёнашон бар дӯш гиранд”
Дар Тоҷикистон 15 май Рӯзи дави миллӣ баргузор мешавад
Боз як навъи электромобилҳои нав дар Тоҷикистон. 10 сомонӣ захираи барқ барои 410 километр
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста