Як сокини деҳаи Хоҷаи Аъло дар даргириҳое, ки ҳамин ҳоло дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нуқтаи марзии Исфара ва Бодканд кушта шудааст. Аз ин сокини кушташуда Обидҷон Тӯйчиев ном бурда мешавад, ки сокини деҳаи Хоҷаи Аъло буда дар натиҷаи партоби гулӯла (снаряд) ба хонааш ҷон бохтааст.

Дар ин бора аз ҳукумати Исфара ба “Азия – Плюс” хабар доданд.

Дар ҳоли ҳозир, бино ба иттилои дарёфтии "Азия-Плюс" аз Беморхонаи марказии Исфара то кунун 6 захмӣ аз ҷониби Тоҷикистон дар ин бемористон бистарӣ шудааст. Аз шумори захмиён ду нафар низомӣ гуфта мешавад. 

Дар ҳоли ҳозир ҷониби Қирғизистон дар бораи 4 захмӣ хабар медиҳад.

Тирпаронии шадид дар чорроҳии деҳаи Сомониён ҷараён дорад. Ҳамчунин садои тирпарониҳо аз қисмати болои ҷамоати Чоркӯҳ низ шунида мешавад, хабар медиҳад як манба аз ҳукумати Исфара ба "Азия-Плюс".

Станислав Зас, дабири кулли СПАД аз ҷонибҳои даргир хостори оташбаси фаврӣ дар марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон шуд.

Чанде қабл Станислав Зас бо Дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, Насрулло Маҳмудзода ва Дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон, Марат Имонқулов суҳбати телефонӣ анҷом дод, ки дар ҷараёни он дабири кулли СПАД хостори оташбаси фаврӣ миёни ҷонибҳо шуд. Дар ин бора odkb-csto.com хабар медиҳад. 

"Даргириҳои дубора дар марз, ки дар натиҷаи он захмӣ вуҷуд дорад, нигаронии ҷиддиро ба бор овардааст. Муқовимати мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бояд фавран қатъ карда шавад. Низоъ бояд танҳо дар сари мизи музокирот бо роҳи сулҳомез ҳал шавад.  СПАД омода аст ба Қирғизистону Тоҷикистон дар ҳалли ин масъала кумаки зарурӣ расонад. Итминон дорам, ки раҳбарияти ҳарду кишвари узви СПАД роҳҳои қобили қабули ҳалли ин мушкили сарҳадӣ барои ҳарду ҷонибро пайдо хоҳанд кард”, гуфтааст дабири кулли СПАД Станислав Зас.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.