Содир Ҷабборов президенти Қирғизистон ба даргириҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон вокуниш кард ва дар саҳфаи расмии фейсбукияш навишт, ки вазъ комилан таҳти назорати ӯст.

Ҷабборов бо хитоб ба мардуми Қирғизистон навиштааст, ки "вазъ дар марз комилан таҳти назорати ман аст. Худо кунад, ки ҳама чизро аз тариқи гуфтушунид, ба таври осоишта ҳал кунем. Нигарон набошед".

Дар ҳоли ҳозир гуфтушуниди раиси вилояти Суғди Тоҷикистон Раҳаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Бодканди Қирғизистон Абдикарим Алимбаев дар нуқтаи марзии Кок-Сой бар сари мизи музокирот нишастаанд ва гуфта мешавад, ки музокирот беш аз ду соат аст, ки ҷараён дорад.

Шумори захмиҳо Тоҷикистон дар даргириҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон то ин лаҳза ба 17 нафар расидааст. Аммо имкон дорад теъдоди онҳо бештар бошад, зеро бархе аз захмиёнро пизишкон дар худи деҳаи Хоҷаи Аъло кӯмак мекунанд. Дар ин бор аз бахши Ёрии аввалияи тиббии шаҳри Исфара  ба "Азия – Плюс" хабар доданд. 

То ин дам як шаҳрванди Тоҷикистон Обидҷон Туйчиев, сокини деҳаи Хоҷаи Аъло аз шиллики гулӯла кушта шуд. Аз миёни захмиҳо ду нафар кормандони масъули ҳукумати Исфара, яке Некрӯз Хоҷаев, ҳуқуқшиноси ҳукумат ва дигаре Искандар Маликӣ, мудири шуъбаи ташкилии дастгоҳи шаҳрдори Исфара, мебошанд. Нафари аввали аз ноҳияи китф ва думуӣ аз пой тир хӯрдаанд.

Ҷониби Қирғизистон шумори захмиҳои ин даргириҳоро 7 нафар эълон кардааст. Пойгоҳи хабарии 24.kg ин хабарро бо такя ба Вазорати тандурустии Қирғизистон нашр кардааст.

Ёдовар мешавем, ки шоми дирӯз, 27 январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар деҳаи Сомониён миёни марзбонони ду тараф даргирӣ сар зад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.