Шумори кушташудаҳои ҷониби Тоҷикистон дар даргириҳои марзии шоми дирӯз бо Қирғизистон ба ду нафар расид. Нафари дувуми кушташуда ронандаи мошини Ёрии таъҷилии Беморхонаи марказии шаҳри Исфара мебошад. Дар ин бора хабарнигори "Азия-Плюс" аз ҷойи ҳодиса хабар медиҳад.
Бино ба иттилои хабарнигори мо, ин ронанда Абдулатиф Шарифови 62-сола мебошад. Шарифов ҳамроҳ бо ду корманди масъули ҳукумати Исфара дар як мошин буданд, ки ин ду корманд захмӣ шудаанд.
Нафари дигари кушташуда, Обидҷон Тӯйчиев, сокини деҳаи Хоҷаи Аъло мебошад, ки дирӯз хабари кушта шудани ӯро манбаъҳо дар Беморхонаи марказии Исфара ба "Азия-Плюс" тасдиқ карда буданд.
Обидҷон Тӯйчиев бар асари партоби гулӯла (снаряд) ба хонааш кушта шуд.
Хабарнигори "Азия-Плюс" мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир шумори дақиқи захмиҳо мушаххас нест, вале бино ба иттилои пешакии мақомоти масъул теъдоди онҳо аз 20 нафар зиёд аст.
Неруҳои марзбонии Тоҷикистон дар як изҳороти дигар, ки субҳи имрӯз нашр кардааст, низ хабари кушта шудани ҳар ду сокини шаҳри Исфароро таъйид карда, шумораи захмиҳоро 10 нафар ва аз ин теъдод 6 нафарро низомӣ ва 4 танро сокинони мулкӣ унвон кардааст.
"Ҳамчунин, 2 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Туйчиев Обидҷон, соли таваллудаш 1986, сокини ҷамоати деҳоти Хоҷаи Аъло бар асари таркиши тири миномети низомиёни Қирғизистон дар ҳавлии номбурда ва Шарипов Абдулатиф Рафиевич, соли таваллудаш 1964, ронандаи шуъбаи ёрии аввалияи тиббии беморхонаи шаҳри Исфара ҳангоми наҷоти шаҳрвандони мулкии деҳаи Хоҷаи Аъло зимни зарбаи гулӯлаи минамёти ҷониби Қирғизистон ба ҳалокат расиданд",-омадааст дар хабарномаи Неруҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон.
Ҳамчунин неруҳои марзбонӣ гуфтааст, ки соати 01.00 рӯзи 28 январи соли 2022 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти салоҳиятдори ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.
"Ҷонибҳо баъди баррасиву муҳокимаи муноқишаи мусаллаҳонаи сарҳадӣ ба чунин мувофиқа расиданд, ки оташбас эълон гардида, то соати 08:00 дақиқаи санаи 28 январи соли 2022 тамоми қувваю воситаҳои иловагӣ ва техникаҳои ҷангӣ аз хати сарҳади давлатӣ ба мавқеи доимии қарордошташон баргардонида шаванд",-хабар медиҳад Неруҳои марзбонӣ.
Айни замон вазъ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон муътадил буда, - мегӯяд ин ниҳод, сабабу омилҳои муноқишаи даргириҳои марзӣ аз ҷониби комиссияи муштараки сохторҳои дахлдори ҳар ду ҷониб мавриди таҳқиқ қарор дорад.
Ҳамчунин сухангӯйи ҳукумати Исфара, субҳи имрӯз ба "Азия-Плюс" гуфт, ки вазъ дар марз муътадил аст ва имрӯз музокироти мақомоти масъули ҳар ду ҷониб давом мекунад.
Аз ҷониби Қирғизистон то кунун дар ин даргириҳо 7 нафар захм бардоштааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста