Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар як муроҷиатнома ба шаҳрвандони Тоҷикистон гуфтааст, ки дар Қирғизистон алайҳи шаҳрвандони тоҷик "муносибати ғаразнок" ба назар мерасад ва аз сафар ба кишвари мазкур худдорӣ кунанд.
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин ишора кардааст, ки аз сӯйи мақомоти салоҳиятдори Қирғизистон далелҳои боздошт шудани донишҷӯёни тоҷик дар гузаргоҳҳои марзии ин кишвар сабти ном шудааст.
Вазорат гуфтааст, ки сарфи назар аз қарори Девони вазирони Қирғизистон аз 22 октябри соли 2021 дар бораи фароҳам кардани имкониат барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил ва фаъолияти корӣ дар муассисаҳои таълимии Қирғизистон, дар қаламрави он кишвар ҳолатҳои муносибати ғаразнок нисбат ба шаҳрвандони тоҷик мушоҳида мегарданд.
"Муассисаҳои таълимоти олии Қирғизистон таҷрибаи ба таври сунъӣ кашол додани раванди бозпасдиҳии ҳуҷҷатҳои донишҷӯёни тоҷикро идома дода, барои судури ҳуҷҷатҳои лозима барои гузариш ба макотиби олии Тоҷикистон монеа эҷод месозанд. Зимни ин дар аксар мавридҳо ба донишҷӯён шарт гузошта мешавад, ки маблағи ҳаққи таълимро барои соли пурраи таҳсил пардохт намоянд, ҳарчанд дар қарордодҳои онҳо бо муассисаҳои таълимии Қирӯизистон талаботи мазкур пешбинӣ нашудааст",- омадааст дар ин муроҷиатномаи Вазорат.
Бо дарназардошти ҳолати болозикр, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар, ки дар муассисаҳои таълимии Қирғизистон таҳсил ва кор мекунанд, бо исрор хоҳиш менамояд, ки аз сафар ба кишвари мазкур худдорӣ кунанд, - таъкид мешавад дар ин муроҷиатнома.
Дар охири ин муроҷиатнома Вазорати корҳои хориҷӣ хотирнишон кардааст, ки бар асоси фармоиши Девони вазирони Қирғизистон №12 аз 21 майи соли 2021 вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Қирғизистон ва ё сафари онҳо ба дигар кишварҳо тавассути қаламрави Қирғизистон то кунун манъ мебошад.
Ин муроҷиатномаи Вазорати корҳои хориҷӣ дар ҳолест, ки пас аз тавофуқоти ҳосилшуда дар музокироти 29-уми январ бар пайи даргирии шаби 27 ба 28-уми январ, қарор буд дар оғози ҳафтаи оянда музокироти комисиҳои давлатии ду тараф ба кори худ барои таъину аломатгузории марз, мепардохтанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Боздошти ду мансабдор бо иттиҳоми порагирӣ ва заминфурӯшӣ
Муҳоҷирон бо як патент метавонанд дар якчанд минтақаи Русия кор кунанд
Аз Юлдуз Усмонова то Фурқати Саид. Тақдими унвони Ҳофиз ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба 10 санъаткори ду кишвар
Аъзои нави тими Рустами Эмомалӣ. Киҳо дар шаҳрдории Душанбе аз вазифа озод шуданд ё мансаби нав гирифтанд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ имзо карданд
Корҳои таъмиру навсозии қитъаи душворгузари роҳи Душанбе - Хоруғ тезонида мешаванд
Боз як ҳолати фавт дар таваллудхонаи вилоятии Суғд
Сохтмони 53 мактаб бо $86 млн қарзи Бонки исломии рушд
Аввалин мулоқоти Шодӣ Ҳафиззода, сардори пешини “УБОП” дар маснади роҳбари дастгоҳи ВКД бо аҳли ҷомеа
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста