Бар пояи иттилои пешакии ҳукумати шаҳри Исфара дар пайи тирандозии шаби 11-уми март ягон сокини осоишта дар ҷамоати Чоркӯҳ осеб надидааст. Аммо гуфтанд, аз субҳи имрз тафтиш оғоз шуда аз натиҷааш баъдтар хабар медиҳанд.
Раиси ҷамоати Чоркӯҳ Шукурхон Насриев субҳи 11-уми март дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, бино ба маълумоти пешакӣ дар натиҷаи тирборони марзбонони Қирғизистон ягон нафар мардуми осоишта зиён надидааст. Бино ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ ин шаб тақрибан аз соати 1:20 марзбонони қирғиз ба ду маҳаллаи Чоркӯҳ, маҳаллаҳои ба номи Ибод Файзуллоев ва Бӯстон тир холӣ карданд, ки тақрибан 1-1,5 соат давом кард.
"Қирғизҳо ба ҷониби мо тир холӣ карданд, ҳоло тафтишот оғоз шудааст ва баъдан маълум мешавад, ки куҷо аз тирхоликунӣ зиён дидааст.Сокинон ҳеҷ куҷо нарафтанд, шаб дар хона буданд ва аз хона берун набаромаданд. Ба сӯйи мардум тир холӣ нашудааст ва ягон нафар аз мардуми осоишта низ ҷароҳат набардоштааст",-гуфт раиси ҷамоати Чоркӯҳ.
Аммо мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар ин бора расман хабар надоданд ва сабаби тиркушоии шаби 11-уми мартро низ шарҳ надодаанд. Маълум нест, ки тирпаронӣ аз ҷонибӣ ки шурӯъ шуд ва оё талафоте дар пай дорад ё не.
Вале як сокини маҳаллаи Ибод Файзуллоеви ҷамоати Чоркӯҳ - макони даргирии ин шаб дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки шаб онҳо дар хона буданд ва то ҳол хабари маҷруҳ шудан ё нашудани касе аз мардуми осоиштаро нашунидаанд.
Вай гуфт, “хонаҳо зиён надиданд ва мардум низ, аммо то саҳар аз тарс хоб нарафтем. Торик буд ба тарафи маҳалла тир холӣ карданд, вале маълум нест, ки он тир ба куҷо расид. Баъдтар марзбонони мо ҳам ба ҷойи ҳодиса омаданд.
Ба гуфтаи сокинони Чоркӯҳ имшаб бо фарқ аз шабҳои дигар, баъди тирборон барқро хомӯш накарданд ва бо барқ таъмин буданд. Шабҳои дигар маҳдудият буд, баъи соати 22.00 барқро қатъ мекарданд.
Тирпаронии ин шаб баъди тирпаронии субҳи 10-уми март ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷаи он як марзбони тоҷик бо ном Сунатулло Маҳмадов кушта шуд. Манобеъи “Азия-Плюс” аз ҳукумати Исфара гуфтанд, ки тирандозии субҳи дирӯз дар пайи марзшикании неруҳои қирғиз сурат гирифта буд.
«Сарҳадбонони Қирғизистон ба қаламрави Тоҷикистон (минтақаи «Ваҳдат»-и ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара) гузашта, аз марзбонони тоҷик талаб кардаанд, ки ин қаламравро тарк кунанд. Задухӯрди лафзӣ ба амал омад, сарҳадбонони қирғиз аввалин шуда оташ кушоданд, сарҳадбонони мо маҷбур шуданд, ҷавоб диҳанд. Дар натиҷаи тирпарронӣ як марзбони тоҷик кушта, ду сарбоз ва чанд сокини осоишта низ маҷрӯҳ шуданд», - гуфта буд, дирӯз як сокини маҳаллӣ ба «Азия-Плюс».
Тафсилоти тирпаронии нимашабии неруҳои қирғизро дар ин ҷо бихонед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Чӣ гуна метавон шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистонро ба шаҳодатномаи ронандагии Русия иваз кард?
“Иқдоми носанҷида”. Хадамоти алоқа аз ширкатҳои мобилӣ хост, нархи тарофаҳоро дубора боло набаранд
Visa дар бораи рушди технологияҳои рақамии пардохтӣ дар Тоҷикистон нақл кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста