Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Исфара гуфт, ки бо ҳамсояҳои худ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ кунанд ва босабру таҳаммул бошанд ва ба эҳсосот дода нашаванд.
Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз 17-уми апрел дар Исфара дар ин бора суҳбат карда гуфтааст, ки барои мардуми ин шаҳр делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ (яъне ҳалли масъалаи сарҳадӣ) байни Тоҷикистон ва Қирғизистон яке аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.
Ба иттилои Хадамоти матбуоти президент Эмомали Раҳмон гуфтааст, Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2002 дар доираи комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади байни ду кишвар гуфтушунидҳоро бо Қирғизистон оғоз карда буд.
Ӯ афзуд, то имрӯз дар байни ҳайатҳои комиссияи байниҳукуматӣ ва гурӯҳҳои корӣ беш аз 170 мулоқоту гуфтушунид оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ сурат гирифтааст. Дар натиҷаи 20 соли фаъолияти комиссия аз 987 километри сарҳади байни ду давлат 663,7 километр, яъне 68,4 фоизи хатти сарҳад муайян ва мувофиқа карда шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ҳукумати Тоҷикистон манфиатдор аст, ки расмиёти муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ байни ду кишвари ҳамсоя ҳарчи зудтар бо роҳи гуфтушунид анҷом дода шавад.
“Вале таъкид менамоям, ки ҳалли масъалаҳои марзиву ҳудудӣ, мувофиқа намудани хатти сарҳади давлатӣ ва аломатгузории он раванди хеле мураккаб буда, муҳлат ва заҳмати зиёди мутахассисонро талаб менамояд. Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои мавҷуда қатъиян ҷонибдори гуфтушунид ва дарёфти роҳҳои ҳалли мутақобилан судманд бо дарназардошти манфиатҳои миллии ҳар ду тараф мебошад”.-гуфтааст, президенти Тоҷикистон.
Ӯ бори дигар ба мардуми шаҳри Исфара хотиррасон кард, ки бояд бо ҳамсояҳои худ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамсоягии нек кору зиндагӣ кунанд, бо онҳо рафту омад ва ҳамкории дӯстона дошта босабру таҳаммул бошанд ва ба эҳсосот дода нашаванд.
Дар ҷашни Ваҳдати миллӣ тоҷикистониёнро чӣ гуна чорабиниҳо интизоранд?
Аз соли 2011 шаҳрвандони Тоҷикистон 9 раводиди ИМА-ро тариқи сармоягузорӣ гирифтаанд
Пешниҳод шуд, ки ба президент бори дуюм унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шавад
Боз 2 нафар дар дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шуданд
Аз оғози сол дар Тоҷикистон кадом маҳсулот арзону кадомаш қимат шуд?
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли тухм, гӯшти мурғу моҳӣ зиёд шуд. Хатлон пешсаф аст
Рустами Эмомалӣ бо сафири Чин ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷонибаро баррасӣ карданд
Як ширкати Дубай дар Тоҷикистон коргар меҷӯяд
Оғози бозиҳои КМВА ва «Хуҷанд» дар Ҷоми КФО-2022
Иштироки се ҷудокори тоҷик дар “Ulaanbaatar Grand Slam 2022”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста