Нишасти амниятии котибони Шӯрои амнияти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Душанбе оғоз шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" хабар доданд.
Манбаъ мегӯяд, ки муколамаи чоруми минтақавии котибони амнияти миллии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ду рӯз - 26 ва 27 май идома хоҳад кард.
Дар нишасти мазкур, котибони Шӯроҳои амниятии 8 кишвар: Русия, Чин, Эрон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат ва вазъи кунинии Афғонистон ва роҳҳои кӯмак ба ин кишварро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.
- Бештари котибони амниятии кишварҳои ширкаткунанда аллакай ба Тоҷикистон омадаанд. Имрӯз, бахши аввали нишаст ба кори худ оғоз кард. Пагоҳ, 27 май баҳси асосии муколама баргузор хоҳад шуд, -гуфтанд аз ВКХ.
Ёдовар мешавем, ки як рӯз пештар "Афғонистон интернейшнл" бо такя ба рӯзномаи ҳиндии "The Times of India" хаба дода буд, ки қарор аст дар душанбе як конфронси амниятии байналмилалӣ дар мавриди Афғонистон баргузор шавад.
Рӯзномаи "The Times of India" навишта буд, ки Ҳинд дар ин конфронс бори дигар бар ташкили як ҳукумати фарогир таъкид мекунад.
Интизор меравад, Тоҷикистон низ мавқеи худро дар робита ба вазъи Афғонистон, ки ҳамчун ҳамсояи наздик ҳамеша ҷонибдори ҳалли мусолиматомези ҳамаҷонибаи мушкили Афғонистон ва ташкили ҳукумати фарогир тавассути интихобот ва бо иштироки тамоми гурӯҳҳои сиёсӣ, қавмӣ ва иҷтимоӣ, дар ин кишвар аст, таъкид намояд.
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста