Наврасе, ки як мардро латукӯб карда буду навораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, бо ҳамроҳонаш дастгир  шудааст. Дар ин бора дафтари матбуотии ВКД хабар медиҳад

Манбаъ аз марде, ки мавриди лату куб карор гирифта буд, Қосимов Собир ном бурда гуфтааст, ки сокини деҳаи Лоҳутии  ноҳияи Дӯстӣ буда, бемории рӯҳӣ мебошад.

"Ҳамзамон муайян карда шуд, ки наврасоне, ки номбурдро мавриди латукӯб қарор додаанд хонандагони  синфи 9 муассисаи таҳсилоти умумии миёнаи №6 ноҳияи Дӯстӣ мебошанд." - омадааст дар хабарнома.

Ин ниҳод ҳодисаро чунин шарҳ додааст: "Зимни санҷиш ошкор гардид, ки ҳодисаи мазкур дар деҳаи Лоҳутии  ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ба вуқуъ пайваста аст. Қосимов Собир дар роҳ бо алфози қабеҳ ба наврасон ва яке аз толибилмон  таҳкиру дашном медиҳад, ки боиси  лату куби ӯ аз ҷониби яке аз наврасон гардидааст."

Гуфта мешавад шахсияти ҳамаи он нафароне, ки дар ин муноқиша ширкат намуданд, муайян ва бо ҳамроҳии волидайнашон ба Шуъбаи  ВКД дар ноҳияи Дӯстӣ дастрас карда шудаанд.

Сурат: vkd.tj

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.