Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рафтори ношоистаи чанде аз сокинони пойтахтро, ки тартиботи ҷамъиятиро риоя накарда, дар макони издиҳоми мардум ва ҷойҳои ҷамъиятӣ бо сарулибоси хонагӣ ҳозир мешаванд, мавриди интиқод қарор додааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита хабар дод, Маҳмадсаид Убайдуллоев ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур додааст, ки дар ин самт чораҷӯӣ намоянд.

Ғайр аз ин, дар машварати васеи кории шаҳрдории рӯзи 26 декабр раиси пойтахт ба сохторҳои дахлдор супориш додааст, ки ҷиҳати амалисозии масоили дар паёми президент ба парлумон зикршуда нақшаву барномаҳо таҳия намуда, тадбирҳои муассир андешанд.

Раиси пойтахт ҳамчунин таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои иҷрои қисмати даромади буҷети шаҳри Душанбе, дар сатҳи зарурӣ ҷашн гирифтани Соли нави мелодӣ, риояи қоидаҳои санитарӣ ва истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ҷалб намудааст.