АНОНС

- Дар бинои Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 нишасти хабарӣ доир мегардад. Оғоз соати 10:00;

- Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 нишасти хабарии Кумитаи ҳифзи муҳити зист барпо мешавад. Оғоз соати 11-00;

- Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ нишасти матбуотии ҷамъбасти соли 2016-и «Амонатбонк» баргузор мешавад. Оғоз соати 14:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  7.8824 сомонӣ;

1 евро – 8.3948 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1292 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1920 — Дар Русияи Шӯравӣ ҳукми қатл расман бекор карда шуд.

1991 — Дар ҷаҳон бори нахуст ба воситаи кураи ҳавоӣ парвоз тариқи Уқёнуси Ором анҷом дода шуд.

1995 — Таъсиси Гвардияи президентӣ (аз соли 2004 - миллӣ)-и Тоҷикистон.

2006 — Дар Пекин миёни ширкати «Барқи тоҷик» ва «Sinohydro» (Чин) созишнома дар бораи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Зарафшон» ба имзо расид.

2012 – Мутахассисони аз мина безараргардонии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон тамрингоҳҳои «Лоҳур», «Момирак» ва «Самбулӣ»-ро аз ҳама гуна навъҳои муҳимоти ҷангӣ покккорӣ намуданд.

1893 — Зодрӯзи шоира Розия Озод, модари академик Бобоҷон Ғафуров.

1893 — Мавлуди яке аз муборизони барқарор кардани ҳокимияти шӯравӣ дар Тоҷикистон Толпиго Борис Вячеславович.

1927 — Зодрӯзи сарояндаи опера, Ҳунарманди халқии ИҶШС Аҳмад Бобоқулов.

1950 — Мавлуди Давлатов Матлубхон Султонович, собиқ муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон, собиқ роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +3+8; дар доманакӯҳҳо шабона -8-13, рӯзона 0-5.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона +5+10; дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +1+6.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -9-14, рӯзона -8-13; дар шарқ шабона -27-32, рӯзона -11-16.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан каме боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +6+11; дар доманакӯҳҳо шабона -7-12, рӯзона 0-5. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас (туман).

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +7+9.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, туман. 

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +6+8.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, туман.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +7+9.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -19-21, рӯзона -7-9.