Соли 2016 ба Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ 57 муроҷиат бо арзу шикоят аз шиканҷа ва кирдори бераҳмона ворид шуд.

Дар инфографикаи зерини мо бо дар куҷо бештар содир шудани чунин ҷиноятҳо, ҳамчунин муҷозоти шахсони ба ин ҷиноятҳо гунаҳкор ва дигар маълумот дар ин бора шинос шуда метавонед.