Маркази исломии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ҷашни Наврӯз ба ислом иртибот надошта, аз ин рӯ, талаботи шариатро вайрон намекунад.

Дар бахши «Саволу ҷавоб»-и сомонаи Шӯрои уламо яке аз корбарон бо номи Исфандиёр савол додааст, ки «агар рафту яке аз рӯзҳои наврӯзӣ таоми хосси баҳорӣ пухта, бо омадани Наврӯз мардумро ҷамъ карда таом диҳӣ, пас дар ин маврид шариат чӣ мегӯяд?»

Шӯрои уламо чунин посух додааст: «Ҷашни Наврӯз ба ягон адёни осмонӣ рабт надорад, дар шароити феълӣ Наврӯз ба ҳайси иди баҳор ва оғози мавсими киштукор дар тамоми кураи хокӣ истиқбол гирифта мешавад. Агар шумо ҳиммати хайрхоҳӣ дошта бошед, дар чунин рӯзҳо таомҳои гуногун омода карда, ба ятимону маъюбон расонед, бисёр кори хайр мешавад. Чунки Шариати Ислом тарафдори корҳои хайр аст ва кори хайр исроф надорад. Масале ҳаст, ки “дар хайр исроф нест ва дар исроф хайр нест”.

Рӯҳонии маъурфи ҷумҳурӣ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода қаблан ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуда буд, ки ходимони дин бояд ҳатман идҳои мусалмонӣ - Иди Қурбон ва Иди Рамазонро аз ҷашнҳои миллӣ, аз қабили Наврӯз фарқ кунанд ва ҷашни идҳои миллӣ аз лиҳози шариат ҳеҷ бадие надорад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми ҷашни Наврӯз одамон баъзан маросимҳои динӣ доир мекунанд, ки ба қоидаҳои ислом созгор нест.

«Ҷашни Наврӯз барои оилаи мо анъанаи ҳамасола аст, зеро ин таърих ва расму оини мардуми мост, ки ба он ояд арҷ гузорем», - зикр карда буд Тӯраҷонзода.