Ҳукуматдорони Тоҷикистон барои кумаки башардӯстона, ки аввали моҳи март ба Тоҷикистони аз офатҳои табиӣ осебдида расонида шуд, ба ҳамтоҳои ӯзбеки худ миннатдорӣ изҳор намуданд.

Дар сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар ин робита иттилоъ дода мешавад, ки ба сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Душанбе аз номи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Рустам Назарзода дар ин хусус мактуб расидааст.

Гуфта мешавад, дар нома Рустам Назарзода изҳор доштааст, ки : «Мардуми Тоҷикистон ба ҳамраъйӣ ва дастгирӣ дар чунин шароит баҳои баланд медиҳад. Кумаки расида натанҳо арзишҳои моддии зарурӣ, балки пеш аз ҳама, дастгирии назарраси маънавии халқи дӯсту бародар мебошад, ки риштаҳои чандинсолаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ моро ба ҳам мепайвандад».