Дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон доир гардид.

Баъди анҷоми маросими расмӣ барномаи консертӣ аз рақси зебодухтарони ансамбли Ӯзбекистон» зеру суруду навои Ҳунарманди шоистаи Ӯзбекистон Собирҷон Муминов оғоз гардида, ҳамчунин дар саҳна Ҳунармандони халқии Ӯзбекистон Ғуломҷон Ёқубов, Маҳмуд Номозов, овозхони эстрада Севинч Муминова ва дигарон низ ҳунарнамоӣ карданд.