Дар озмуни мусиқии «Евровижение-2017», ки дар пойтахти Украина - шаҳри Киев доир гардид, овозхон Салвадор Собрал аз Португалия бо касби 758 овоз пирӯз дониста шуд.

Мақоми дуюмро бо 615 раъй Кристиан Костов аз Булғористон ишғол намуд, ки зодаи шаҳри Маскави Русия аст.

Гурӯҳи SunStroke Project аз Молдова 374 овоз ба даст оварда, ба мақоми сеюми озмун сазовор дониста шуд.

Қобили зикр аст, ки имсол барои ба даст овардани ҷоизаи асосии озмуни мусиқии «Евровидение-2017» намояндагони 26 кишвар бо ҳам рақобат карданд.