Дар Душанбе корҳои таҷдиду азнавсозии яке аз биноҳои қадими пойтахт - Муассисаи давлатии «Кохи Ваҳдат» (собиқ Хонаи маорифи сиёсӣ) оғоз гардид.

Қобили зикр аст, ки аксари чорабиниҳои тантанавии ҳукумати ҷумҳурӣ, аз ҷумла ироаи паёми ҳамасолаи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон низ дар «Кохи Ваҳдат» баргузор мешаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, барои таъмиру азнавсозии бинои «Кохи Ваҳдат» аз буҷети давлатӣ ҷудо гардидани ҳудуди 30 млн. сомонӣ дар назар аст.

Дар лоиҳаи азнавсозии бино зиёд кардани ҷойҳои нишасти бино аз 1 ҳазору 200 нафари ҳозира то ба 2 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

Ғайр аз ин, намо (фасад)-и бино низ комилан мавриди таҷдид қарор гирифта, дар он гузоштани боз якчанд сутун ба нақша гирифта шудааст. Муҳлати анҷоми корҳои мазкурро ҳукумат давоми як сол муқаррар намудааст.

Дафтарҳои кории Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Ҷамъияти робита бо ҳамватанони бурунмарзии «Пайванд» ва Шӯрои ҷамъиятии ҷумҳурӣ ба биноҳои дигари шаҳр кӯчонида шудаанд.

Муассисаи давлатии «Кохи Ваҳдат» (собиқ Хонаи маорифи сиёсӣ)-и муталлиқ ба Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон соли 1974 аз рӯи лоиҳаи як гурӯҳи меъморони ҷавон таҳти сарварии Эдуард Ерзовский сохта шудааст. Барои лоиҳакашӣ ва сохтмони ин бино муаллифони он ба ҷоизаи Шӯрои вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор дониста шуданд.