Имрӯз дар шаҳри Бухорои Ӯзбекистон ҷашнвораи 16-уми маъмулии «Абрешим ва зиравор» оғоз мегардад, ки дар он ҳанармандон ва косибони тоҷик низ иштирок мекунанд. Ҷашнвора то 28 май идома меёбад.

Дар ҷашнвора ҳунармандону косибони Ӯзбекистону Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ҳиндустон, Эрон, Афғонистон ва Чин ширкат варзида, маҳсулоти тайёркардаи худро ба маърази тамошо мегузоранд.

Дар доираи кори ҷашнвора баргузории намоишу ярмарка, мусобиқаҳои гуногуни мардумӣ, аз қабили хурӯсҷангу муди тарроҳони ҷавон, чоарбинии «Палов сайли» ва ғайра доир гардида, дар фарҷоми он консерти пуршукӯҳ баргузор мешавад.

Сомонаи ҷашнвора ҳадаф аз баргузории ин чорабиниро нигаҳдориву рушди мероси фарҳангӣ бо тамоми хусусияту маҳоратҳои он, дастгирии ҳунармандии мардумӣ, аз қабили заргариву кандакорӣ, қолинбофӣ, ҳунари бинокорӣ ва ғайра унвон кардааст.

Ҳайати Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора Мукаррама Қаюмова, раиси Анҷумани ҳунармандони Осиёи Марказӣ ва муассиси Бунёди байналмилалии ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон - “Ҳафт пайкар” роҳбарӣ мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, имсол дар ҷашнвораи мазкур 33 нафар намояндагони Тоҷикистон - ҳунармандону косибон, ороишгарону тарроҳон ва рӯзноманигорон аз Душанбеву Кӯлоб ва Хуҷанд иштирок мекунанд.

Қобили зикр аст, ки ҷашнвораи «Абрешим ва зиравор» яке аз чорабиниҳои асосии ҳамасолаи бахши сайёҳии Ӯзбекистон ба шумор рафта, ба ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба ин соҳа, технологияҳои муосир ва ҳамчунин сайёҳон аз саросари ҷаҳон мусоидат мекунад.