Рӯзи ҳафтуми июн дар мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ занги охир садо медиҳад. Мо миёни толибилмони ҳамаи 4 ноҳияи шаҳри Душане доир ба нақшаҳои ояндаашон назарсанҷӣ гузаронидем. Аксари пурсидашудагон ба ояндаи неки худ бовар доранд.

Мутобиқи натиҷаҳои назарпурсӣ, 99%-и пурсидашудагон дар мактабҳои олии кишвар ва кишварҳои хориҷӣ нияти таҳсил ва маълумоти олӣ гирифтанианд. Дар робита ба интихоби касб бисёре аз хатмкунандагон мехоҳанд корманди милитсия ё ҳуқуқшинос шаванд. Дар идома доир ба интихоби касби тарроҳ (дизайнер), сипас дипломату журналист ва энергетику корманди тиббӣ изҳори назар шуд.

Ба ақидаи хатмкунандагон, барои ин касбҳо ҳамеша зарурат вуҷуд хоҳад дошт. Як нафарӣ аз пурсидашудагон касбҳои омӯзгор ва дӯзандаро интихоб намуданд. Хатмкунандагон изҳор карданд, ки боқимонда касбҳо на он қадр писандидаву ҳамеша зарурат доранд.