Рӯзи 27 июн дар шаҳри Ваҳдат чорабиниҳои асосии сатҳи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 20-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ доир мегарданд, ки дар он сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иштирок мекунад.

Дар ин робита Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон эълон кард, ки ҷиҳати таъмини амнияти меҳмонон ва иштирокчиёни ҷашнвора аз соати 07:00 то соати 21:00 дар шаҳри Ваҳдат ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт маҳдуд карда мешавад.

Ҳамчунин ба ронандагоне, ки дар ин рӯз ба гурӯҳи ноҳияҳои Рашт ва минтақаи Кӯлоб тариқи шаҳри Ваҳдат сафар мекунанд, тавсия дода мешавад, ки аз роҳҳои ҳамшафат ва иловагӣ ба ин самтҳо истифода баранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.