Ҳафтаи сеюми моҳи Рамазон нархҳо дар бозорҳои шаҳри Душанбе қариб бетағйир боқӣ монданд.

Нархи маҳсулоти кишоварзӣ пойин меравад, ки бештар ба афзоиши воридоти он аз минтақаҳо вобаста аст. Танҳо нархи картошкаву гӯшт поин нарафта, гӯшт ҳатто каме қимат ҳам шуд.

Бо ҷараёни тағйири нархи маҳсулот дар бозорҳои Душанбе тӯли се ҳафтаи охир дар инфографикаи мо шинос шуда метавонед.


Чунин гузоришҳоро мо ҳар ҳафта – рӯзҳои душанбе давоми як моҳ таҳия мекунем ва дар натиҷа ба хулосае хоҳем расид, ки то чӣ андоза зиндагиамон дар моҳи Рамазон қимат (ё арзон) шудааст.

Қобили зикр аст, ки нархҳо дар минтақаҳои кишвар хеле зиёд фарқ доранд, аз ин рӯ, бо таваҷҷуҳ ба «воридкунанда»-и асосии маҳсулоти кишоварзӣ будани шаҳри Душанбе, мо нархҳо танҳо дар пойтахтро зикр мекунем.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.