Зодаи Ӯзбекистон, ки дар шаҳри Москваи Русия ба кирокашӣ машғул аст, 100 ҳазор рубли русӣ (муодили 1700 доллари ИМА) ва ҳуҷҷатҳои шахсиро ба мусофире, ки онҳоро гум карда буд, баргардонид.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, соҳиби маблағ Павел Шапкин бо кирокаши ӯзбек акс бардошт, аммо аз шавқи пайдо кардани маблағ ва ҳуҷҷатҳо пурсидани номи кирокашро фаромӯш кард.

Гуфта мешавад, 17 июн сокини Киров Павел Шапкин ба мошини кирокаши зодаи Ӯзбекистон нишаста, ба маҳзи расидан ба маҳаллӣ даркориаш, ҳамён ва ҳуҷҷатҳоро дар дохили мошин фаромӯш кард, аммо баъди чанде кирокаши ӯзбек Павелро пайдо карда, ҳуҷҷатҳо ва маблағро баргардонид.

"Имрӯз ман ҳамёнамро гум кардам. Барои шарҳи муфассал бояд нависам, ки дар ҳамён 100 ҳазор рубл ва чанд ҳуҷҷати дигар буд. Ҳеч ба хотир оварда наметавонистам, ки онҳоро дар куҷо мондаам. Ва дар ҳамин лаҳза садои телефон баланд шуд ва тасаввур кунед, як ҷавони оддӣ аз Ӯзбекистон хабар медиҳад, ки ҳамёни маро ёфтааст ва мехоҳад баргардонад", - менависад соҳиби ҳамён дар саҳифаи Инстаграм.

Ӯ ҳамчунин навиштааст: "Ман амиқан дар тааҷҷубам. Метавонед тасаввур кунед, ки ин маблағҳо барои вай зиёдатӣ набуданд? Ҳам барои хонавода, ҳам барои ҳамсараш. Вале вай маро ҷустуҷӯ ва пайдо кард. Ҳарфе надорам. Ин акс барои хотира».

Зимнан зикр мегардад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёриҳо ин рафтори зодаи Ӯзбекистонро тавсиф кардаанд.