Муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зубайдзода дар робита ба мушкилоти савдои кӯчагӣ дар пойтахт изҳор намуд, ки онҳо тадриҷан ва бидуни тадбирҳои таъҷилӣ роҳи ҳалли худро пайдо мекунанд.

«Мо талош дорем, ки савдои кӯчагиро дар гирду атрофи бозорҳо, нуқтаҳои фурӯш ва ҷойҳои серодам ба тартиб орем, вале ин як вақти муайянеро тақозо мекунад», - гуфт зимни нишасти хабарии рӯзи 25 июл Зубайдзода.

Ба гуфтаи ӯ, ба савдои кӯчагӣ аксаран занон аз оилаҳои камбизоат машғуланд, ки барои ифтитоҳи дӯкон ё иҷораи ҷойи доимӣ дар бозорҳо шароит надоранд.

«Ин одамонро фаҳмидан даркор аст. Мо кӯшиш дорем, ки ба онҳо кумак кунем, пешниҳод мекунем, ки борашонро дар бозорҳо бидуни пардохти маблағи ҷой савдо кунанд, вале бисёриҳо ба ин розӣ нашуда, чунин мешуморанд, ки бо ин тарз онҳо борашонро тезтар мефурӯшанд. Албатта, ин ҷараёнро метавон пешгирӣ кард, вале мо кӯшиш дорем, ки онро тадриҷан, зина ба зина ҳал кунем. Хеле муҳим он аст, ки ҳама гуна амали мо бидуни зӯроварӣ бошад», - иброз дошт муовини аввали раиси пойтахт.