Вазорати адлияи Тоҷикистон феҳристи номҳо барои тифлони навзод иборат аз 6 ҳазор номро таҳия намудааст.

Муовини вазири адлияи ҷумҳурӣ Ҳаким Мирсайзод дар ин робита ба рӯзноманигорон гуфт, вақте волидон барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуд ба мақомоти САҲШ меоянд, ин рӯйхат ба онҳо пешниҳод шуда, падару модар барои тифли худ бояд аз ин феҳрист ном интихоб кунанд.

Зимнан зикр гардид, ки агар волидон ба гузоштани ном ба тифли худ аз феҳрист розӣ набошанд, номи хостаи худро бояд ба комиссияи махсус пешниҳод созанд ва ин комиссия бо салоҳдиди худ масъаларо ҳал мекунад.

Барои шаҳрвандони миллати дигари муқими Тоҷикистон ба интихоби ҳама гуна ному насаб ба фарзандони худ ҳуқуқ дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки қаблан ҳукуматдорон зикр карда буданд, ки дар феҳрист се ҳазор ном пешниҳод хоҳад гардид, вале шумори он имрӯз то ба 6 ҳазор расидааст.