Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, оғози корҳои сохтмонӣ дар иншооти дигар ва мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод.

Зимни суханронӣ дар мулоқот бо сокинони деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон Сарвари давлат изҳор намуд, ки бо мақсади  ҳифзу нигоҳдории чунин табиати нотакрор ва обод кардану ба яке аз минтақаҳои сайёҳии кишвар табдил додани ин мавзеъ моҳи октябри соли 2003 бо қарори Ҳукумати мамлакат Боғи табиии Сари Хосор таъсис дода шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар ояндаи наздик ба хотири рушд бахшидани соҳаи сайёҳӣ дар минтақаи Сари Хосор 7 адад меҳмонхонаи замонавӣ бунёд карда шуда, барои фароҳам овардани шароити хуби хизматрасонӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум 8 иншооти дигари таиноташон гуногун сохта мешавад.

Гузориши тасвирии мо аз ҷараёни сафари сарвари давлат ба ноҳияи Балҷувон.

1/42