Мураббии рус дар бахши тиҷорат ва сайёҳ Денис Баталаин аз Тоҷикистон боздид намуда, нахустин видео-блоги худро таҳия намуд, ки агар тибқи шабакаи Youtube ба он баҳогузорӣ намоед, гузориш маҳз аз кишвари мост.

Денис Баталин видеобоги худро «Дар мавзӯи мардона» номида, гузориши аввалини видеоии ӯ аз Тоҷикистон аст. Ӯ итминон медиҳад, ки дар 7 дақиқа, ки навори видео маҳз ҳамин муддат идома меёбад, шахсони онро тамошокарда муносибати худ ба Тоҷикистон ва сокинони онро тағйир медиҳанд.

Сайёҳи рус самимият ва меҳмоннавозии тоҷиконро аввалин ва асоситарин сабабе медонад, ки барои он бояд ба кишвари мо сафар кард.

Тассуроти Денис аз Тоҷикистон ва тоҷикистониёнро дар видеоблоги ӯ тамошо кунед.

Денис Баталин коршиноси маъруф дар таъсис ва роҳандозии фаъолияти лоиҳаҳои интернетӣ, соҳибкор, мураббӣ дар соҳаи тиҷорат ва сайёҳ мебошад.

Ҳаммолики ширкати консалтингии Adconsult ва муассиси агентии коммуникатсияҳои интерактвии Bataline ва лоиҳаи федералии шикори iHUNTER.RU аст.