Аксари занон аз ночорӣ муҳоҷират ба Русияро ихтиёр мекунанд. Таъмини оила душвор шудааст. Корёбӣ бошад, боз ҳам мушкилтар.

Зане, ки муҳоҷират ба Русияро ихтиёр мекунад, бояд чиро донад? Дар сурати дучор шудан ба корфармои беинсоф ё суистифода аз мансабдорони маҳаллӣ чӣ гуна бояд рафтор кунад?

Дар бораи вазъи занони муҳоҷир, раҳоӣ ёфтан аз мушкилот дар вазъҳои гуногун Турсуной Алимардонова, муовини раиси «Иттифоқҳои касабаи муҳоҷирони корӣ», мушовири  Дафтари Созмони байнулмилалии муҳоҷират дар Маскав оид ба муқовимат ба хариду фурӯши одамон ибрози назар мекунад.

Маълумоти муфассал ва зарурӣ дар бораи муҳоҷирати корӣ дар лоиҳаи нави Созмони байнулмилалии муҳоҷират.