Нахустин зойирини тоҷик ба наздикӣ ба адои маросими ҳаҷ раҳсипор мешаванд. Дар роҳнамои мо Шумо бо шароитҳои иҷрои ин рукни ислом шинос мешавед.

Павозҳо ба Ҷидда аз ду шаҳри Тоҷикистон - Душанбе ва Хуҷанд сурат гирифта, то охири моҳи август ҳамаи зойирин ба Арабистони Саудӣ фиристода мешаванд.

Ҳаҷи имсола барои тоҷикистониён 32 ҳазору 671 сомонӣ (бо қурби ҳозира - беш аз 3 ҳазору 630 доллар) арзиш дорад.

Шумори квотаҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон имсол низ тағйир наёфта, 6,3 ҳазор нафар тоҷикистниён ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф хоҳанд шуд.