Дар Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Тоҷикистон нахустин директор таъин шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармони Президенти Тоҷикистон Олимҷон Солизода Директори МД «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон таъин карда шуд.

Олимҷон Солизода 24 октябри соли 1967 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи санъати Донигоҳи давлатии Хуҷанд мебошад.

Солизода фаъолияти худро ба сифати овозхон дар ансамбли «Нури Хуҷанд» оғоз намуда, ба ҳаёси саркоргардони гурӯҳи «Базморо», директори Театри давлатии драмавии «Бӯстон», сармутахассиси Вазорати фарҳанг, муовини директори Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст.

Олимҷон Солизода писари овозхони маъруфи сурудҳои классикӣ Алиҷон Солиев мебошад.

Қобили зикр аст, ки Оркестри давлатии симфонии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон бо фармони Президент 23 августи соли гузашта таъсис дода шуд.