Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишварро нашр кард.

Мувофиқи тавсияҳои дастурамал, ба духтарон дар мактаб пӯшидани ҳиҷоб, либоси нимбараҳна, шимҳои шикофу дарида, дар гӯш овехтани беш аз як гӯшвор ва рангу бори беш аз ҳадди сару рӯ манъ мешавад.

Сарулибоси мактабӣ барои хонандагони синфҳои 10-11

 

Сарулибоси мактабӣ барои хонандагони синфҳои 10-11

Ба писарон ба дарс омадан бо мӯйи дарозу ришу нохуни расида ва бо ангуштариву занҷиру дастпона ва гӯшвор манъ шуда, ба пӯшидани шими ҷинсу велвет танҳо дар мавсими сармо иҷозат дода мешавад. 

Сарулибоси мактабӣ барои хонандагони синфҳои1-4

Ба писарон ҳамчунин пӯшидани сарулибос аз матои синтетикӣ низ тавсия дода нашудааст.

Сарулибоси мактабӣ барои хонандагони синфҳои 1-4

Дастурамал ба духтарон бо рӯймоли миллӣ ва тоқӣ дар дарс нишастанро иҷозат медиҳад.

Сарулибоси мактабӣ барои хонандагони синфҳои 1-4

Дар ин санад ба духтарон пӯшидани либоси нимбараҳна, даридаву шикофтаи мӯдшуда, либос бо навиштаҳои таблиғотӣ ё парчами кишварҳои дигар иҷозат дода нашудааст.

Портфелҳои тавсиядодашуда ба хонандагон

Вазорат ҳамчунин ба толибилмони мактаб тавсия додааст, ки бо либосҳои варзишӣ (ба истиснои дарси тарбияи ҷисмонӣ ва рӯзҳои шанбегӣ) ба дарс наоянд.

Сарулибоси мактабӣ барои хонандагони синфҳои 5-9

Дар рӯзҳои иду ҷашн ба толибилмон ҳатман ба бар кардани сарулибоси протоколӣ - барои писарон: шиму костю ми сиёҳ, кабуди торик, куртаи сафед, галстукҳои соз- монҳои хонандагон (синфҳои 5-9), галстуки сиёҳ (синфҳои 10-11) туфлии сиёҳ ё ҷигарӣ тавсия дода шудааст.

Ба духтарон домани сиёҳу ҷигарии аз зону поён, куртаи остиндор ва остинкӯтоҳи сафед, галстук, костюм, шиму костюм, туфлии пасту баланди сиёҳу ҷигарӣ тавсия дода шуда, зикр мегардад, ки духтарон метавонанд либоси аз матои пахтагини якранг бо поҷома, рӯймоли миллӣ (ихтиёрӣ) пӯшанд ва пойафзоли пасту баланд ҳатман сиёҳ ва ё ҷигарӣ бояд бошад.