Дар сомонаи Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷирати Маскав кабинети шахсии муҳоҷири корӣ фаъол шуд, ки натиҷаи кори Маркази мазкур, Департаменти сиёсати иқтисодӣ ва рушд ва Департаменти технологияҳои иттилоотӣ аст.

Кабинети шахсӣ воситаи оддӣ ва қулайе мебошад, ба муҳоҷир барои анҷоми корҳои асосии марбут ба дароз кардани муҳлати патент бидуни аз хона берун рафтан, шиносоӣ бо таърихи пардохти маблағи он, ҷадвали пардохтҳои минбаъда, тарзи гирифтани расид (квитансия)-и он ва ҳамчунин тариқи онлайн пардохт кардани андоз аз даромад ва дигар амалиётҳо имкону шароит фароҳам меоварад.

Қобили зикр аст, ки дар сомонаи Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷирати Маскав мунтазам имконоти фосилавӣ барои корбарон зиёд шуда, ба ҷуз «кабинети шахсӣ», дар он аллакай хизматгузориҳои online, аз қабили санҷидани омода шудани патент, пардохти он, огоҳ шудан аз Рақами мушаххаси андозсупоранда ва ғайра амал мекарданд.