Шоми 24 сентябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ифтитоҳи ботантанаи Рўзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ ва табрикӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва муовини вазири фарҳанги Федератсияи Россия Сергей Обривалин ҳусни оғоз бахшиданд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода оид ба муносибатҳои фарҳангии халқи Тоҷикистон ва Россия, таъсири адабиёти классикӣ ва муосири рус ба адабиёти тоҷик, нақши ГИТИС дар тарбияи кадрҳои соҳаи фарҳанг, аз ҷумла театр ва синамо ҳарф зада, иброз дошт, ки доираи ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Россия сол аз сол рушд мекунад.

Муовини вазири фарҳанги Федератсияи Россия зимни суханронии худ паёми Вазири фарҳанги Федератсияи Россия Владимир Мединскийро ба халқи меҳмондӯсти тоҷик расонид. Дар матни паём Вазири фарҳанги Россия изҳори умед кардааст, ки ҳунарнамоии ҳунарпешаҳои Россия ва намоиши аккосӣ, ки зебоии манзараҳои сарзамини Россияро инъикос мекунанд, на танҳо диққати тамошобини тоҷикро ба худ ҷалб мекунанд, балки дар рушди муносибатҳои дуҷониба заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Сипас, барномаи ҷолиби ҳунарии Ансамбли давлатии академии рақсии «Алан» манзури тамошобинон гардид, ки бо рақсҳои мавзуни гулдухтарон ва рақсҳои шавқангези мардона қалби аҳли толорро тасхир намуд.

Қабл аз ифтитоҳи намоиши ҳунарӣ мухлисони санъати тасвирӣ тавонистанд, ки аз намоиши аккоссии «Русский север», ки дар фойеи театр ҷой дода шуда буд, баҳра баранд.

25 сентябр дар шаҳри Қӯрғонтеппа барномаҳои фарҳангӣ манзури сокинони вилоят мегарданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.