Дар майдони 800-солагии Маскави шаҳри Душанбе консерти мусиқии аврупоӣ ва миллӣ доир гардид, ки сарфи назар аз шоми каме сард, мардуми зиёде ин ҷо ҷамъ омаданд.

Ба ҷойи ду соати пешбинишудаи консерт, ҳунармандон қариб муддати се соат табъи тамошобинонро болида гардониданд. Ин шом назди ҳозирин Парвин Юсуфӣ, Шириншо, гурӯҳҳои «Шамс», «Зафар», «Вэст» ва «Dance Group», ҳамчунин сарояндаи саршиноси тоҷик Далер Назаров ҳунарнамоӣ карданд.