Дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода бо Муфтии шаҳри Истанбул профессор Ҳасан Комил Йилмаз дидор ва гуфтугӯ анҷом дода, зимни вохӯриҳо оид ба масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия ва паҳлуҳои гуногуни он, аз ҷумла масъалаҳои динӣ табодули афкор сурат гирифт.

Ҷонибҳо бо изҳори хушнудӣ аз сатҳ ва ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, омодагии хешро ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд дар  мавриди ҳолати озодиҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳо барои пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористии “ҲНИТ” ва “ФЕТО” таъкид намуданд.

Дар рафти мулоқот Саидмукаррам Абдуқодирзода табаддулоти нокоми давлатиро, ки 15 июли соли 2016 дар Ҷумҳурии Туркия ба амалӣ омода буд, маҳкум намуда изҳор дошт, ки мақомотҳои дахлдори Тоҷикистон  ва Туркия дар ин самт ҳамкории лозимаро ба роҳ мондаанд.

Ҳамчунин Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон доир ба амалҳои тахрибкоронаи ташкилоти террористии ҲНИТ дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва кӯшиши табаддулоти нокоми давлатие, ки моҳи сентябри соли 2015 аз ҷониби аъзоёни ин ҳизб амалӣ гардида буд, маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Дар идома Муфтии шаҳри Истанбул доктор Ҳасан Камил Йлмаз таъкид намуд, ки Диёнати Ҷумҳурии Туркия ҳама гуна табаддулотҳо, аз ҷумла табаддулоти нокоми давлатие, ки моҳи сентябри соли 2015 аз ҷониби Абдуҳалим Назарзода зери роҳбарии ҲНИТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда буд, маҳкум менамояд.

Дар идомаи мулоқот тарафҳо аз робитаи дӯстонаи ду кишвар изҳори ақида намуда, иброз доштанд, ки мардуми Тоҷикистон ва Туркия пайравӣ аз як мазҳаби ягона, яъне мазҳаби ҳанафӣ мекунанд, ки он дар ҳарду кишвар ҳамчун мазҳаби расмӣ шинохта шудааст. Инчунин таъкид бар он доштанд, ки яккамазҳабӣ омили муҳимми сулҳу субот дар замони кунунӣ ба шумор меравад. Таманнои онро намуданд, ки ин робитаи дӯстонаро дар оянда низ боз ҳам мустаҳкамтар намуда, барои пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои ифротӣ саъю кӯшиши худро ба харҷ бояд дод.

Дар фарҷоми мулоқот Муфтии Истанбул аз он хушнудӣ намуд, ки Тоҷикистон яке аз шарикони стратегии Туркия ба ҳисоб рафта, ходимони Диёнати Туркия омода ҳастанд, ки бо Шӯрои уламои Тоҷикистон барои поку беолоиш нигоҳ доштани мазҳаби ҳанафӣ ҳамкории судманди бештаре дошта бошанд.