Намояндаи Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ба унвони «Маликаи ҷаҳон-2017» (Мисс Вселенная-2017) соҳиб шуд.

Хабаргузории РБК менависад, марҳилаи ниҳоии озмун ва маросими тоҷсупорӣ ба Деми-Ли Нел-Питерси 22-сола дар меҳмонхонаи Planet Hollywood Resort & Casino дар Лас-Вегас баргузор шуд.

Зинаҳои дуюму сеюм дар ин озмунро намояндагони Колумбия Лаура Гонсалес ва Ямайка Давина Беннет касб кардаанд. Ба сурати умум дар ин озмун 92 нафар намояндагони кишварҳо аз саросари ҷаҳон ширкат варзидаанд.

1/8