Бонки Эсхата дар ҳамкорӣ бо Бонки Аврупоии Рушду Таҷдид барои занони соҳибкору навовар маблағҳои қарзи барои рушди тиҷорат, васеъ кардани маблағҳои гардишӣ, мусоидати техникӣ, машваратҳои корӣ  пешниҳод мекунад.

Дар чаҳорчубаи барномаи БАРТ “Занҳо дар тиҷорат” ба Бонки Эсхата 1 млн. $ амрикоӣ пешниҳод мегардад.

Пас занони зебои Тоҷикистон! Агар Шумо соҳиби ягон намуди тиҷорат ҳастед, барои самтҳое, ки бештар мусоидати молиявӣ е машвараттиро талаб мекунад метавонед аз Бонки Эсхата дастгирӣ ёбед.

Ин нуқтаҳо аз ҷониби Раиси Раёсати Бонки Эсхата Хуршед Носиров дар рафти чорабинӣ –оғози барномаи Бонки Аврупоии Рушду Таҷдид “Занҳо дар тиҷорат” қайд карда шуданд. Хуршед Носиров ташкилкунандаи чорабиниро барои татбиқи лоиҳаҳои ҳаётан муҳим изҳори миннатдорӣ намуд. То имруз аз ҷониби Бонки Эсхата ҳафт лоиҳаи БАРТ  дастгирӣ ёфта, бомуваффақият татбиқ карда шуд.

“Ман боварӣ дорам, ки барномаи навбатии БАРТ дар Тоҷикистон бомуваффақият оғоз гардида, ҳар ҷӣ бештар занони соҳибкори Тоҷикистонро ҷалб мекунад”.- гуфт Хуршед Носиров.

Имрӯзҳо нақши занон дар ҷомеа хеле назаррас буда, занон ба ҷуз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ бунёди оила, тарбияи фарзандон, нигоҳубини хона ва рӯзғори худ, дар ин ё он соҳаи хоҷагии халқ кору фаъолияти бомаром доранд.  Баъзеи онҳо тавонистанд, ки ҳатто тиҷорати худро ташкил намуда, даҳҳо ва садҳо нафар одамонро бо ҷои корӣ таъмин намоянд ва дар рушди иқтисодиёт саҳми назарраси худро расонанд.

Директори минтақавии давлатҳои Осиёи Марказии Бонки Аврупоии Рушду Таҷдид Нил Тейлор дар бораи оғоз, татбиқ ва афзалиятҳои барномаи мазкур ба занони соҳибкори шаҳри Хуҷанд маълумоти мушаххас дод.

Бояд гуфт, ки маблағи умумии лоиҳа дар Тоҷикистон 8 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад. 2 миллиони он аллакай барои Бонки Эсхата ва Ташкилоти Имон Интернешнл пешбинӣ шудааст. Барномаи мазкур имконият медиҳад, ки занон дар ҳамдастӣ бо Бонкҳои кишвар баъзе монеа ва душвориҳоро паси сар карда, дар тиҷорати худ пешсафиро мақом намоянд. Оиди ин баромадкунандагони дигари ҷорабинӣ қайд намуда, занонро барои рушд кардан даъват намуданд. 

Имрӯзҳо дар Тоҷикистон занон маҳз соҳибкории хурду майдаро ҳамчун сарчашмаи асосии даромади худ меҳисобанд. Аз ин рӯ сайқал додани маҳорати бурдани тиҷорату соҳибкорӣ ва дастгирии молиявии онҳо баҳри васеъ кардани тиҷорат айни муддао буда, якчанд ҷабҳаҳои мусбии худро дорад. 

Пешниҳоди қарз, машваратҳои кории мутахассисони ботаҷриба, курсҳои омӯзишӣ оид ба маҳорати соҳибкорӣ ва барномаҳои  раҳнамогӣ барои занони соҳибкор, баҳри онҳо дастгирии воқеӣ хоҳад буд.

Имрӯзҳо ҳиссаи занҳо аз шумораи  умумии мизоҷони интиқоли пулии Бонки Эсхата 38,2%, аз шумораи мизоҷони пасандоз 55%, дорандагони кортҳои пардохтӣ 44% ва онҳое, ки барои мақсадҳои соҳибкорию истеъмолӣ аз хизматрасонии қарзӣ истифода намуданд, 35%-ро занон ташкил медиҳад.

Ин аз он дарак медиҳад, ки занҳо дар баробари мардон низ аз навгониҳо ва хизматрсониҳои пешрафтаи бонкӣ бохабар буда, баҳри беҳдошти зиндагии худ ва оилаи худ кӯшиш мекунанд.

Тамоми шароит ва имконият барои рушду пешрафти занон имруз дар Тоҷикистон фароҳам аст. Пас чунин барномаҳои Бонкҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ дар шарикӣ бо Бонкҳои кишвар такони ҷиддӣ барои занон хоҳад буд.

Барои дарёфти маълумоти иловагӣ ҷиҳати гирифтани қарз ба телефони 808 муроҷиат кунед.