Дар навор Брайан Мартин, молики ширкати канадагии Asian Mountain Outfitters шикори дар тамоми ҳаёташ як маротиба дастдодаро таърифу тавсиф мекунад.

Айни замон шикорчӣ дар Тоҷикистон қарор дошта, ҳавйвони дохил дар Китоби сурх - гӯсфанди Марко Полоро куштааст.

Навори видеои мазкур дар саҳифаи ҷамъияти шикорчииёни Argali дар Фейсбук гузошта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, одамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба рӯзноманигорон баргузори тафтишоти то куҷо қонунӣ кушта шудани ҳайвонро тавсия медиҳанд. Ҳомиёни ҳайвонот ин амалро разилӣ мешуморанд, ҳарчанд тибқи қонунҳои Тоҷикистон, куштани Марко Поло манъ нест. Танҳо пул пардохт кардан лозим аст.

Шикори ҳайвонот дар Тоҷикистон бар асоси пардохти маблағ бо тартиботи муқарраршудаи ҳукумати ҷумҳурӣ сурат мегирад.

Тибқи маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҶТ, имсол ба шикори 85 гӯсфанди Марко Поло иҷозат дода шудааст, ки нархи шикори ҳар яке 45 ҳазор сомониро ташкил дода, аз ин шумор то нимаи тобистон аллакай 66 ин навъи гӯсфанд шикор ва аз ин ҳисоб ба давлат 3 млн. сомонӣ даромад ворид шудааст. Саршумори гӯсфанди Марко Поло дар Тоҷикистон ба 23-25 ҳазор адад мерасад.

Дар ҳамин ҳол, нархи шикори қонунӣ иваз нашудааст. Бо дастрас кардани иҷозатнома ба маблағи 45 ҳазор сомонӣ, шикорчиён бар асоси қонунӣ метавонанд ба шикори гӯсфанди Марко Поло раванд.

Ҳамасола аз ҳисоби шикори навъҳои нодири ҳайвонот буҷети кишвар 5 млн. сомонӣ маблағ ба даст меорад.