Овозаҳои ҷойдошта миёни соҳибони воситаҳои нақлиёт доир ба аз аввали соли оянда ҷорӣ шудани сиёҳкунии ҳатмии шишаҳои автомашина асоси воқеӣ надоранд.

Дар шарҳи масъалаи мазкур сардори шуъбаи таблиғоти РВКД ВКД Наргис Тӯйчиева изҳор намуд, ки гуфтугузорҳо дар бораи маҷбуран ҷорӣ кардани сиёҳкунии шишаи автомашинаҳо (тонировка) «як овозаи беасосе беш нест».

«Доир ба ҳама гуна навгонӣ шуъбаи таблиғоти РБДА пешакӣ ҳамаи моликони автомашинаҳоро тариқи сомонаи расмии ВКД ва тавассути васоити ахбори умум огоҳ мекунад. Ҳеҷ гуна қарори ҳатман сиёҳкунии шишаи автомашинаҳо қабул нашудааст. Ба ин овозаҳо бовар накунед», - изҳор дошт ӯ.

Лозим ба ёдоварист, ки аз аввали моҳи декабр дар бораи гӯё аз соли оянда ҷорӣ шудани қоидаи ҳатман сиёхқунии шишаи қафои автомашианҳо овозаҳо ҷой доштанд. Ин «навгонӣ» дар шабакаҳои иҷтимоӣ миёни моликони автомашинаҳо баҳсҳои зиёдеро ба бор овард. Зикр гардида буд, ки сиёҳкунии шишаҳо 800 сомонӣ нарх дошта, «ин иқдоми навбатии шахсони манфиатдор барои пулкоркунӣ аст».

Қобили зикр аст, ки аз аввали соли равон арзиши иҷозатнома барои сиёҳкунии шишаҳои автомашина (тонировка) дар Тоҷикистон 25% афзуда, акнун барои гирифтани иҷозатномаи сиёҳкунии шишаи автомобили истеҳсоли то соли 2004 - 2,5 ҳазор (пештар - 2 ҳазор) сомонӣ ва автомашинаҳои истеҳсоли соли 2005 ва баъди он - 3,1 ҳазор (қаблан - 2 ҳазору 480) сомонӣ маблағ мебояд пардохт намуд.