Ширкати телевизионии НТВ доир ба ихроҷи роҳбари ташкилоти «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» навори видеоӣ таҳия намуд.

Дар ин навор Шарипов бо аробачаи маъюбӣ дар иҳотаи кормандони пулис дар фурудгоҳи Домодедово қарор дорад. Ба гуфтаи адвокат ва фаъоли ҷамъиятии тоҷик Иззат Амон, «чанде қабл сутунмуҳраи Шарипов ҷарроҳӣи шуда, ӯ бемор аст».

Навори ивдеоии мазкур дар YouTube аз ҷониби корбар "Волк из TJK" нашр шуда, нахуст дар сомонаи шабакаи телевизионии НТВ чоп шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 12 декабр суди вилояти Маскав қонунӣ будани ихроҷи Шариповро аз Русия тасдиқ намуда, санаи 13 октябр ӯ тариқи ҳавопаймои хатсайри Маскав - Кӯлоб ба Тоҷикистон фиристода шуд.

Айни замон доир ба макони будубоши ӯ маълумоте дастрас нест.

Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки онҳо низ намедонанд, ки Каромат Шарипов дар куҷост ва ба ӯ ҳеҷ даъвое надоранд.