Беш аз 150 нафар мусофироне, ки рӯзи 14 декабр аз шаҳри Истанбули Туркия ба фурудгоҳи Душанбе омаданд, то ҳол бағочи худро гирифта наметавонанд.

Намояндагони ширкати ҳавопаймоии Turkish Airlines, ки парвоз тариқи ин хатсайрро ба иҷро расонид, ҳолати зикршударо шарҳ надоданд.

«14 декабр дар фурудгоҳи Душанбе 150 нафар мусофирон бағочи худро гирифта натавонистанд, ки ба ин масъала таваҷҷуҳ мебояд кард. Ҳамаи ин бо риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли бағоч ва хизматгузорӣ ба мусофирон чун як масхарае ба назар мерасид», - қайд мешавад дар муроҷиати мусофирон.

Дар муроҷиат зикр мегардад, ки ҳавопаймои ин хатсайр бо 40-50 дақиқа дермонӣ ба Душанбе омада, дар фурудгоҳи Истанбул ба мусофирон сабабҳои таъхир ва ҳамчунин ба ҳавопаймо бор нашудани бағочашонро хабар надодаанд.

Дар бораи саривақт нагирифтани бағоч мусофирон танҳо баъди ба фурудгоҳи Душанбе нишастани ҳавопаймо аз намояндаи Turkish Airlines Отабек Ҳамроқулов хабардор шудаанд.

Бино ба гуфтаи мусофирон, Ҳамроқулов аз ҳамаи мусофирон дархост кардааст, ки барои гирифтани бағочҳояшон рӯзи 16 декабр соати 3:30 дақиқа ба фурудгоҳ оянд.

«Бисёре аз моро лозим аст, ки ба ноҳияҳои дигари кишвар равем. Ба ҷои ташкили овардани бағоч, мусофиронро маҷбур мекунанд, ки субҳи хеле барвақт ба фурудгоҳ ҳозир шаванд», - шикоят мекунанд мусофирони хатсайр.

Намояндаи расмии Turkish Airlines дар Душанбе Ихтиёр Холмирзоев дар гуфтугӯи телефонӣ аз шарҳи сабабҳои рух додани чунин ҳолат худдорӣ намуда, зикр кард, ки намояндагӣ танҳо баъди дастрас кардани дархости хаттӣ ин масъаларо шарҳ медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ширкати ҳавопаймоӣ бо сабабҳои техникӣ бағочи мусофиронро ба Душанбе наовардааст: иқтидори борбардории ҳавопаймо ба бор кардани ҳамаи бағоч имкон надодааст.

Зимнан зикр гардид, ки мусофирони ин хатсайр рӯзи шанбе аз фурудгоҳ бағочҳои худро гирифта метавонанд. Маблағи нигаҳдории бағочҳоро ширкати ҳавопаймоии туркӣ пардохт мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.