Намояндагии ширкати ҳавопаймоии Turkish Airlines дар Тоҷикистон сабабҳои аллакай муддати ду шабонарӯз бағочи худро гирифта натавонистани мусофирони хатсайри Истанбул - Душанберо шарҳ дод.

«Ширкати Turkish Airlines барои нороҳат сохтани мусофирон маъзарат хоста, кафолат медиҳад, ки вазъ дар фурсати наздиктарин ба эътидол оварда хоҳад шуд, - қайд мешавад дар посухи хаттии намояндагӣ - Ба маълумоти мусофирон расониданием, ки шаби 14 декабр дар Душанбе обуҳавои номуосид пешгӯи шуда, дар ин ҳолат роҳбари сарнишинони ҳавопаймо бояд ду фурудгоҳи дигари иловагиро муайян кунад ва ин фурудгоҳҳои Хуҷанду Самарқанд мебошанд».

Қайд мешавад, ки дар Хуҷанд низ обуҳавои номусоид пешгӯӣ шуда, барои нишастан дар фурудгоҳи Самарқанд 1,5 тонна сӯзишвории иловагӣ лозим аст.

«Дар ин робита, барои пешгирии ҳар гуна хатар ҳангоми нишастан, роҳбари ҳайати сарнишинон тасмим гирифт, ки аз ҳисоби 1,5 тонни бори мусофирон 1,5 тонна сӯзишвории захиравӣ гирад», - омадааст дар посух.

Дар намояндагии ширкат овозаҳои «ба зиёни аксари мусофирон овардани бори тоҷирон»-ро қотеъона рад карданд.

«Мо кафолат медиҳем, ки тамоми бору бағочи рӯзи 16 декабр ба Душанбе хоҳад расид. «Мусофирон дар худи фурудгоҳ ва дафтари кории  «Turkish Airlines» дар Душанбе бағочҳои худро гирифта метавонанд ё кормандони ширкати ҳавопаймоӣ бағочро ба суроғаи таъиншуда бурда мерасонанд», - таъкид мешавад дар посухи хаттӣ.

Ёдрас мекунем, ки беш аз 150 нафар мусофироне, ки рӯзи 14 декабр аз шаҳри Истанбули Туркия ба фурудгоҳи Душанбе омаданд, то ҳол бағочи худро гирифта наметавонанд.