Дар шаҳри Москва охири ҳафтаи гузашта мулоқоти Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода бо муфтии мусулмонони Русия Равил Гайниддин баргузор шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ, дар мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи кунуни муносиботи дӯстонаи миёни Тоҷикистону Русия ва ҳамкориҳои байни Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи мусулмонҳои Русия изҳори қаноатманӣ намуда, ҳавасмандии худро барои рушди ҳамкориҳои минбаъда баён доштанд.

Гуфта мешавад, ҳарду ҷониб бо дарназардошти вазъи кунунии ҷаҳони муосир таҳияи созишномаи дуҷониба оид ба муборизаи муштарак бо ҷараёну ҳаракатҳои экстремистию террористиро ба мақсад мувофиқ арзёбӣ намуданд.

«Дар рӯзи нахустини сафари худ ба Русия Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода дар масҷиди “Хиёбони МИР” бо муҳоҷирони тоҷик, ки  дар Русия кору фаъолият менамоянд, мулоқот анҷом дод», - омадааст дар маълумот.

Зимнан зикр мегардад, ки дар рӯзҳои баъдӣ низ мулоқотҳои ҳамсон дар дигар манотиқи Русия дар назар дошта шудааст.